Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Иттилоот дар бораи Кишвари асл»

Июнь 16, 2016 12:10

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 5 ва 12 июни соли равон дар маҷмааи «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи «Иттилоот дар бораи Кишвари асл (ИКА)» аз ҷониби Намояндагии Шӯрои даниягӣ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон курси омӯзишӣ гузаронида шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар курси омӯзишӣ 120 нафар курсантони курсҳои 3 ва 4 факултети № 2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии  чорабинӣ баланд бардоштани огоҳӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои гурезагон ва паноҳҷӯяндагон, тақвият бахшидани тавоноӣ ва дар амал татбиқ намудани донишу малакаҳои бадастомада буд.
Тренер-устоди ботаҷриба, номзади илмҳои ҳуқуқ Фаррух Хайруллоев ба иштирокдорони семинар оид ба аҳамияти кишвари асл ҳамчун омили ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон маърӯза намуд.
Дар семинар курсантон мафҳумҳои «Гуреза» ва «Паноҳҷӯянда», мақоми  онҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ, ҳамчунин ҷараёни мурофиаи судӣ барои муроҷиат ва баррасии дархост дар бораи гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, фароҳам овардани паноҳгоҳ ва асосҳои рад намудани онро баррасӣ намуданд.
Аз натиҷаи семинари мазкур ба иштирокдорон аз ҷониби Намояндаи Шӯрои даниягӣ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон сертификатҳо супорида шуданд.

Июнь 16, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ