Семинари омӯзишии лоиҳаи БРСММ дар мавриди офатҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ
Душанбе, 08.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Тибқи шиори «Имрӯз омодаӣ — фардо зинда мемонӣ» дар чорчӯбаи лоиҳаи БОМНАФ (Идораи марзҳо дар шимоли Афғонистон) вобаста ба БРСММ ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи муштараки идоракунии марз (BMP) БРСММ ВА ҶАЙКА (JICA) ба наздикӣ барномаи муштараки омӯзиши идоракунии хатари офатҳои табииро дар Бадахшон баргузор карданд. Бо дастгирии шарики лоиҳаи Идоракунии хатари офатҳо ташкилоти «Рескю Глобал» («Наҷоти глобалӣ») фаъолияти мазкур ба таври муваффақиятомез дар гузаргоҳи сарҳадии Тем — Шуғнон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз 30 май то 3 июни соли 2016 иҷро гардид. Дар чорабинӣ 20 шаҳрванди Афғонистон, 45 нафар пулиси сарҳадии Афғонистон ва 15 нафар афсарони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар тренинг ҷанбаҳои мухталифи идоракунии хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд ва ҳам дар гузаргоҳи сарҳадии пулиси сарҳадии Афғонистон дар Шуғнони Афғонистон ва ҳам дар гузаргоҳи сарҳадии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар канори дарё дар Теми Тоҷикистон баргузор шуданд. Тоҷикҳо ва афғонҳо дар ҳар ду ҷониб якҷо иштирок карданд.
Мақсади асосӣ дастгирӣ кардани ҳамкорӣ ва иртиботи байнисарҳадӣ дар байни идораҳои сарҳадӣ ва сокинони наздисарҳадӣ ва баланд бардоштани огоҳӣ дар мавриди идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар ҷомеаҳои дурдасти минтақаҳои сарҳадӣ буд, ки мумкин аст ба ҳодисаҳое, монанди заминҷунбӣ, обхезӣ, лағзиши замин ва резиши тарма дучор шаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






