Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани Душанбе-Хатлон ва сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Ёвон

Июнь 16, 2016 16:41

Душанбе, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳани Душанбе-Хатлон ва  сохтмони корхонаҳои саноатӣ  дар ноҳияи Ёвон шинос шуд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо ҷараёни бунёди иншооти роҳи оҳан аз истгоҳи шаҳри Ваҳдат то истгоҳи Ёвон шинос шуда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои бунёди роҳ масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд.
Тавре маълум гардид, дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Хатлон  дар айни замон 329 нафар машғули корҳои васлу насби қисмҳои асосии роҳ ва бунёди нақбу кӯпрукҳо буда, бо ин мақсад ҳамчунин зиёда аз 150  адад техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ сафарбар карда шудаанд. Ҷамъи масофаи роҳи бунёдшуда то имрӯз зиёда аз 32 км-ро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмони нақбу пулҳои ин лоиҳа ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки дарозии роҳи оҳани Душанбе-Хатлон аз истгоҳи Ваҳдат то Ёвон 40,7 км буда  4,33 км-и онро нақбу пулҳо ташкил медиҳанд.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни сохтмони Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Джунг-Тсай Моҳир Семент» шинос шуд. Ин корхона аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов  бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми  958 миллион сомонӣ ва бо иқтидори истеҳсолии 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол бунёд гардида, оянда дар он 850 нафар бо ҷоий кор таъмин мешаванд.
Дар заминаи корхонаи мазкур бунёду ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ бо иқтидори 1 миллион метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои қоғазӣ бо 80 миллион дона дар як сол дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои   бунёди  Корхонаи криолит, алюминийии фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Сохтмони ин корхона  моҳи майи соли 2008-ум шурӯъ гардида, арзиши умумии лоиҳаи бунёди он  126  миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот 620  нафар бо ҷойи кор ва  маоши баланд таъмин буда, дар сурати бо иқтидори пурра ба кор шурӯъ кардани корхона наздик ба 800 нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи кори доимӣ бо   маоши баланд  мешаванд.

Июнь 16, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд