Султон Мирзошоев аз олам даргузашт

Июнь 8, 2016 10:17

Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаби  7 июни  соли равон дар шаҳри Душанбе Султон Мирзошоев баъди бемории кӯтоҳ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре пайвадони ӯ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз марҳум дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супорида мешавад.
Султон Шарипович Мирзошоев 9 январи соли 1932 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара  таваллуд шудааст. Ӯ яке аз ходимони намоёни давлатии Тоҷикистон буда, баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав аз соли 1960 то соли 1990 дар вазифаҳои котиби якуми КМ Комсомоли Тоҷикистон, нозири (инспектори) КМ ҲКТ, раиси Кумитаи давлатии кинематография, вазири фарҳанги Тоҷикистон, намояндаи домии Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар назди Шӯрои вазирони собиқ СССР дар Маскав, котиби якуми кумитаи ҲКТ дар собиқ вилояти Кӯлоб кор кардааст. Султон Мирзошоев аввалин роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлати Тоҷикистон (1993-1994) буд. Баъдан, то дами ба нафақа рафтанаш ба ҳайси директори Маҷмаи давлатии «Кохи Ваҳдат» кор кардааст. Фаъолияти пурсамар ва гуногунҷабҳаи ӯ бо ордени «Дӯстӣ», унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шудааст.
Султон Мирзошоев узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муаллифи китобҳои «Борис Кимёгаров», «Роҳи кинои тоҷик», «Бозгашти хотира», «Сулҳофар» ва ғайраҳо мебошад.
АМИТ «Ховар» ба пайвандон ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Июнь 8, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ