Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Красноярск

Июнь 27, 2016 13:34

Душанбе, 27. 06.2016/АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл  дар шаҳри  Красноярск бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили идона барпо гардид. Донишҷӯёни  тоҷики Донишгоҳи авиатсионии Красноярск, ки аз тариқи квотаи президентӣ ин ҷо таҳсил доранд, бо шеърхониву рақсҳои ҷолибашон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекарданд. Солиёни зиёдест, ки аз ҷониби ин ҳамватанони бонанги тоҷик ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд доир гардида, дар он ҳамватанону меҳмонон аз тамоми қаламрави Сибир  ва берун аз он ширкат карда, бори дигар итминони комил пайдо мекунанд, ки мардуми тоҷик таърихи куҳану фарҳанги бой доранд, ки имрӯзҳо дигар миллату халқиятҳо маҳз зебоиву ғайриоддӣ будани ин фарҳангу ин таърихро дида, паи омӯзиши он мебошанд.
-Ба ҳар яки мо,- мегӯяд  раиси Ҷамъияти тоҷикони кишвари Красноярск бо номи «Пайванд» Ҳайдар Алимов,-пӯшида нест, ки ин рӯз дар таърихи мардуми тоҷик ҳамчун рӯзи    ғалабаи некӣ бар бадӣ ва шурӯи ободкориву созандагиҳо мебошад. Барои ба ин рӯзи мубораку таърихӣ расидан  Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар талошу заҳматҳоро пушти сар карданд, ки ин ба ҳар як фарде, ки каме ҳам бошад, нанги тоҷиконаву ғурури тоҷиконаву эҳсоси тоҷикона дорад, аён аст. Имрӯз мо шукри соҳибистиқлоливу соҳибватаниамонро карда, ифтихор аз он дорем, ки мо дар куҷое бошем, бо сари баланд гуфта метавонем: «Мо тоҷикем ва  ҳар яки мо новобаста аз ҷоҳу ҷалоли хеш бояд дар сар як андеша дошта бошем».  Мо бояд сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ кунем, нақши муҳимми худро дар ободиҳои ватан, тарғиби забону оинҳои миллиамон гузорем, чунки ягон миллату қавмиятро наметавон бе забону оинҳо ва осори таърихиаш миллати комил номид ва  мо бояд бо тамоми ҳастӣ ва ҳушёриву  зиракӣ амнияту сулҳу осоиштагии Тоҷикистонамонро ҳифз кунем.

Садбарг Боқиева, Красноярск, ФР

Июнь 27, 2016 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид