Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ вусъат мебахшанд
Душанбе, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ вохӯрии раиси кумита Рустам Назарзода бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, мулоқоти аввалини роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хоакин Торо доир гардид.
Дар вохӯрӣ Р.Назарзода Тороро бо самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва нақши ҳамоҳангсозии кумита дар татбиқи он ошно намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, мустаҳкам намудани имкониятҳои мавҷудаи Маркази таҳлилӣ- иттилоотӣ ва Маркази наҷотдиҳии кумита, таҳия ва таҷҳизи Маркази идоракунии вазъи буҳронӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин пешниҳодҳои кумитаро барои таҳкими минбаъдаи он баррасӣ намуданд.
Баъдан Рустам Назарзода бо Кордори Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада вохӯрӣ намуда, ҷонибҳо зимни он механизмҳои татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон «Таҳкими иқтидори паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва эътинои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад.
Инчунин пешниҳод гардид, ки дар заминаи Маркази таълимии кумита Маркази байналмилалии барои таълим ва бозомӯзии кормандони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя таъсис дода шавад.
Раиси кумита ба дипломати Ҷопон барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, оид ба муҳим будани лоиҳаи муштарак сухан гуфт. «Татбиқи ин лоиҳа кумаки воқеӣ ба аҳолӣ хоҳад шуд, ки вазифаи асосии мо мебошад», — гуфт Р. Назарзода.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон бояд идома ёбанд, то ки онҳо дар оянда ба таври муассир роҳи ҳалли масъалаҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ шаванд.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






