Ҳунарнамоии «Ансамбли маъюбони Чин» тамошобинонро тасхир намуд

Июнь 17, 2016 11:48

Душанбе.17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ    барномаи консертии «Ансамбли  маъюбони Чин»  баргузор гардид. Дар консерт  Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юэ Бин, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар роҳбарони мақомоти давлатии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи  консерт Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи ҳунармандони маъюби чиниро   ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  хайра мақдам гуфта, зикр  намуд, ки  баргузории ин маҳфили бошукӯҳ  бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир  гардид.
Вазир ҳамчунин ба кормандони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои ҳамкории пайваста  изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки  равобиту ҳамкории фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии мардумии Чин сол то сол густариш ёфта, ба мустаҳкамшавии дӯстӣ  байни  мардуми  Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд.
— «Ансамбли  маъюбони Чин» соли 1987 таъсис ёфта,   на танҳо дар қаламрави Чин, балки дар тамоми ҷаҳон овозадор буда, Тоҷикистон 97 умин давлатест, ки санъаткорони ин ансамбл ҳунари худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Боварам комил аст, ки аз ҳунару истеъдоди онҳо, ки бозёфти эҷодии хешро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон манзур намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардидаанд, шод мешавед. Умедворам, ки онҳо номаҳдудии имкониятҳои ҷисмонии инсон ва қудрати шикастнопазирии рӯҳи инсонро пеши назари мо падид менамоянд, ки он боиси рӯҳбаландиву хушҳолӣ ва фароғати мо хоҳад гашт, — афзуд Ш.Орумбекзода.
Юэ Бин, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин   ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки густариши ҳамкории фарҳангӣ  байни ду давлат боиси боз ҳам қарин гардидани мардумони Чину Тоҷикистон гардидааст.
Зимни ҳунарнамоӣ санъаткорони  «Ансамбли  маъюбони Чин», ки ашхоси дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ буда, аз биноӣ ва шунавоӣ маҳрум гардидаанд,   истеъдоди нотакрор доштани  хешро  собит намуданд.
Ҳунармандони чинӣ бо рақсҳои ҷаззоб, сурудҳои дилошӯб, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва  ҳунари этюд дили  иштирокдорони консертро тасхир карданд, ки кафкӯбиҳои бардавоми онҳо аз ин шаҳодат медод.
Махсусан ҳунарнамоии  Чжу Ли, Ван Бин, Чэн Сиз, Сзин Ясин ва Лю Тао, ки аз  биноӣ маҳруманд, писанди ҳозирин гардид. Лю Тао ба забони тоҷикӣ суруди «Саломи Чин ба Тоҷикистон»-ро сароид, ки  аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд.
Хотиррасон менамоем, ки имрӯз низ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ    барномаи консертии «Ансамбли  маъюбони Чин»  баргузор мегардад.

Июнь 17, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид