Қурғонтеппа: санҷиши муштараки масъулин ҷиҳати пешгирӣ аз танбашавӣ дар роҳҳо
Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯзҳо ҳолатҳои танбашавии роҳҳо, бахусус дар назди бозорҳои калон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки дар фасли гарми тобистон боиси нороҳатӣ ва ташвиши мардум гардидаанд. Аз ҷумла, дар роҳҳои атрофи бозори «Фаровон» — и шаҳри Қурғонтеппа низ чунин ҳолатҳо ба мушоҳида мерасанд.
Бо мақсади аз байн бурдани танбашавӣ дар назди бозори «Фаровон» — и шаҳр аз ҷониби комиссияи танзим ва бехатарии роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар якҷоягӣ бо намояндагони нозироти андоз ва шуъбаи иҷозатномадиҳӣ (литсензия) санҷиши муштарак гузаронида шуд.
Тавре ки аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ доданд, зимни гузаронидани санҷиши мазкур шаҳодатномаи андозсупорӣ ва иҷозатномаи (литсензия) ронандагони мусофиркаш ва боркаш санҷида шуда, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозсупорӣ манбаъҳои нав пайдо гардиданд.
Ҳамзамон санҷиши мазкур барои ба танзим даровардани ҳаракати роҳҳо дар назди бозорҳои калонтарини шаҳри Қурғонтеппа ва пешгирӣ аз танбашавии он мусоидат намуд.








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






