ВКД: касоне, ки барои дастгир намудани ҷинояткори фирорнамуда кӯмак менамоянд ё хабар медиҳанд, мукофотонида мешаванд
Душанбе, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17-июни соли равон соати 20.45 аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маҳбусон:
1. Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич 20.04.1988 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ки барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд;
2. Юсупов Ҳабибҷон Анварович 05.02.1980 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд;
3. Қаюмов Мирзозариф Мирзошарифович 05.06.1986 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуданд. Ҳангоми фирор яке аз онҳо Қаюмов М.М. дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд.
Юсупов Ҳ.Н. бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир шуда, Додохонов Р.Ҷ. баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои дастгир намудани ҷинояткор андешида истодаанд.
Касоне, ки барои дастгир намудани ҷинояткори фирорнамуда, Додохонов Р.Ҷ. кӯмак менамоянд ё хабар медиҳанд ба маблағи пулӣ мукофотонида мешаванд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






