Ёвон: Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ деҳаи Чашмасор беҳтарин дониста шуд
Ёвон, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёдкорию созандагию муҳайё намудани шароити хуб барои ҷавонон ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Чашмасори ҷамоати Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо дастгирии соҳибкори деҳа Лутфулло Қурбонов ва саҳми маҳал ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ барои ҷавонон майдони варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин зиёда аз 500 метр канали обгузари ноҳияро, ки барои бо техника тоза кардан имкон набуд, аз тариқи ҳашари умумӣ тоза карданд.
Дар деҳаи Чашмасор ба хотири солимии сокинони деҳа 6 нуқтаи оби нӯшокиро навсозӣ намуданд, ки аҳолии онҳо ҳоло бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд ва аз тариқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 25 нафар занҳои хонанишини деҳаро ба хондани курси касбомӯзии дӯзандагӣ фаро гирифтанд.
Масъулини деҳа нақша доранд, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорон Тоҳирхон Файзуллоев ва Умарҷон Каримов бинои маҷлисгоҳи деҳа иборат аз 100 ҷойи нишаст ва коргоҳи дӯзандагии деҳаро ба истифода диҳанд.
Натиҷаи ин ободкорию созандагӣ буд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ деҳаи Чашмасори ҷамоати Ҳ. Ҳусейновро дар сатҳи ноҳия аз деҳаҳои беҳтарин донистанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






