Мавлуда Қаландарзода: «Меъёрҳои Қонуни нав муроҷиаткунандаро барои риояи қонунгузорӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ӯҳдадор менамояд»
Душанбе, 17.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл зимни ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 34 масоили муҳими ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятӣ ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мавриди зикр