32,5 тонна шакари бо роҳи қочоқ воридгардида аз Қирғизистон ошкор шуд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар шимоли кишвар гумрукчиёни тоҷик воридоти ғайриқонунии беш аз 32 тонна шакарро ба маблағи қариб 210 ҳазор сомонӣ аз Қирғизистон пешгирӣ намуданд.
Зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ва Прокуратураи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, дар анборе, ки ба шаҳрванди 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Х тааллуқ дошт, қариб 26 ҳазор кг шакар ва 143 халтаи холии шакар, ки аз он 6700 кг қанди сафед коркард гардида буд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Маълум гардид, ки шаҳрванд Р.Х бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷ. ном шаҳрванди Қирғизистон бо роҳи қоҷоқ аз Қирғизистон 650 халта шакари истеҳсоли Озарбойҷонро, ки вазни умумиаш 32, 5 тоннаро ташкил медод, ба ҳудуди ҶДММ «Сано»-и шаҳри Хуҷанд барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ворид намудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Р.Х. парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






