Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук: «Коҳиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ ба омилҳои беруна рабт дорад»

Июль 20, 2016 08:13

Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ Ховар/. Гардиши тиҷорати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи шаш моҳи соли равон   беш аз 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 72 миллион доллар кам буда, 96,3%-ро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии  гардиши тиҷорати хориҷӣ 1,5 миллиард доллар марбут ба воридот ва 418 миллион доллар ба содирот рост меояд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум воридот беш аз 75 миллион доллар коҳиш ё  95,2 % ва содирот 2,5 миллион  доллар афзоиш ёфта, беш аз 100% и гардиши молиро ташкил медиҳад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки кишвар дар нишасти матбуотӣ омили асосии  коҳиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ, хусусан воридоти молу маҳсулотро ба кишварамон ба таъсири омилҳои беруна, таъсири бӯҳрони молиявӣ, бесуботии вазъ дар баъзе кишварҳо, қатъ гардидани амалиёти содиротию воридотӣ аз ҷониби бархе аз соҳибкорон ва паст шудани қобилияти харидории мардум арзёбӣ намуд.

Июль 20, 2016 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст