Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук: «Русия ҳамоно шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад»

Июль 20, 2016 08:07

Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Русия ҳамоно яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон боқӣ монда, беш аз 31% ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
Назар ба иттилои сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, дар ин раддабандӣ кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон,  Чин бо зиёда аз 30%-и ҳаҷми маҳсулоти  воридотӣ ба Тоҷикистон зинаи дуюмро касб менамояд. Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти воридотии  кишварҳои дигари хориҷӣ,  назири Қазоқистон беш аз 15 %, Туркия ва Туркманистон беш аз 3 %,  Эрон 2,2%, Покистон  ва Ӯзбекистон беш аз  1% -ро ташкил дода,  0,6% ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба кишварамон  ба Имороти Муттаҳидаи Араб рост меояд.
Дар ин давра асосан аз кишварҳои дар боло зикршуда ба Тоҷикистон таҷҳизоти технологию барқӣ, оҳан ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, гандум, оксиди алюминий (глинозем), гази моеъ, равғани растанӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти пластикӣ, нуриҳои минералӣ, шакар, орд ва гӯшти парранда  ворид карда шудааст.

Июль 20, 2016 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст