Ҳамадонӣ: Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 800 нафар ҳунармандон омодагӣ мегиранд

Июль 25, 2016 11:59

Ҳамадонӣ,  25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташкили Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов дар маркази ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ беҳтарин санъаткорон бо ҳам омаданд ва дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд бо барномаи мукаммали фарҳангӣ дар дили  мардум ҷои хешро пайдо намоянд.
Ба қавли  Карим Шарифов, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо барномаҳои консертӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо пайваста баромад менамоянд. Шурӯъ аз оғози сол аҳли фарҳанги ин ноҳия дар баробари тамоми мардуми тоҷик барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта истодаанд.
Дар айни замон тамоми ҳунармандони ноҳия ва ҳаваскорон, дар маҷмӯъ беш аз 800 нафар, барномаи ҷашнӣ бахшида ба ин санаи таърихиро омода карда истодаанд.

Июль 25, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ