Аз ҷониби Маркази шоҳ Салмон барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст

Июль 27, 2016 15:56

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо мудири иҷроияи Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона  Моҳир Абдурраҳмон ал-Хадровӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, мустаҳкамсозии соҳилҳои осебпазири рӯду дарёҳо, захираи маводи зарурӣ барои кумакҳои аввалия ба мардуми аз обхезию зилзила ва дигар офатҳои табиию техногенӣ зарардида баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки дар марҳилаи аввали ҳамкорӣ аз ҷониби маркази мазкур барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ҷудо намудани 10 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Масъулини Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона изҳор доштанд, ки омодаанд барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба сафорати Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба роҳандозии ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти обрасонӣ ба аҳолӣ, дастрасӣ ба хадамоти босифати тиббию санитарӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ва дигар самтҳои фаъолият сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ба густариши соҳаҳои ҳамкорӣ ва афзун намудани ҳаҷми кумаку мусоидатҳои башардӯстона ба Тоҷикистон омодагии худро таъкид доштанд.

Июль 27, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид