Ба 84 нафар кўдакон амалиёти ҷарроҳии нуқсони модарзодии дил гузаронида шуд
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шўъбаҳои кўдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва Маркази дилу шарёни вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ 162 нафар кўдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил бистарӣ шуданд, қайд гардид дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин марказҳо ба 58 нафар кўдак ташхиси ангиокардиография гузаронида шуда, табобати онҳо муайян карда шуд. Ба 84 нафар кўдакон амалиёти ҷарроҳии нуқсони модарзодии дил гузаронида шудааст.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмўъ 473 амалиётҳои ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 576 амалиёти ангиография ва 181 амалиёти стентгузорӣ, инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба 67 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ анҷом дода шуданд.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмўъ ба зиёда аз 200 нафар беморон амалиётҳои пайвандсозии гурда ва ба 15 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар давраи ҳисоботӣ бошад, ба 41 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудаанд. Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин амалиётҳо дар муассисаҳои табобатии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шуданд, зикр гардид дар нишаст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






