Ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кумак расонида шуд
Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод як миқдор маводҳои хурокворӣ аз қабили орд, равған, гӯшт, макарон, шакар, молҳои варзишӣ аз қабили шоҳмот, тӯб, бадминтон, як адад мошини ҷомашӯӣ ва як адад яхдон дар арафаи Иди Рамазон тақдим намуданд.
Намояндагони вазорат дар назди истиқоматкунандагони Мактаб интернат баромад намуда, онҳоро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорат бо фаро расидани Иди саиди Фитр табрик намуданд. Зикр гардид, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон чун ҳамешагӣ дар мадди назари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастгири ятимону бепарасторон бошад ва дар ҳар вохӯрияшон сари ятимонро сила намуда қайд менамоянд, ки онҳо худро «ятим» ҳис накунанд, онҳо падару модар доранд, падару модари онҳо давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Имрӯз дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 208 нафар толибилмон таблиму тарбия мегиранд. Дар мактаб-интернат тамоми шароитҳо барои зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар назди меҳмонон таълимгирандагони Мактаб-интернат барои ғамхории падаронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда дар радифи чунин ғамхориҳо онҳо иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва бо донишу хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






