Ба муассисаҳои тиббии Деваштич таҷҳизоти тиббӣ тақдим гардид
Деваштич, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ноҳияи Деваштич дар асоси Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 1 миллиону 187 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Дар маросими тақдими таҷҳизоти тиббӣ иштирокдорон амалишавии лоиҳаро дар «Соли фарди солим» фоли нек арзёбӣ карданд.
Бино ба иттилои Гулрӯ Баротова, сарвари Кӯмаки аввалияи тиббӣ — санитарии ноҳия, таҷҳизоти тиббӣ ба марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ дастрас карда шудааст.