Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд
Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии Туркия, хусусан пойтахти он-шаҳри Анкара ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул супориш дода шудааст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад.
Мувофиқи иттилои охирин аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд.
Дар ҳолати зарурӣ, лутфан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар тамос шаванд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
Суроға: кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия
Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08
Факс: +(90-312) 491 16 03
E-mail: tajemb_turkey@yahoo.com
Сомона: www.tajikembassytr.org
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул
Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul
Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54
Факс: +90 2124265056
E-mail: tajcons.ist@gmail.com
Сомона: www.tajconsist.org








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






