Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд

Июль 16, 2016 10:11

Душанбе, 16.07.2016. /АМИТ  «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Ҷумҳурии Туркия, хусусан пойтахти он-шаҳри Анкара ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул супориш дода шудааст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад.

Мувофиқи иттилои охирин аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд.

Дар ҳолати зарурӣ, лутфан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар тамос шаванд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия
Суроға: кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия
Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08
Факс: +(90-312) 491 16 03
E-mail: tajemb_turkey@yahoo.com
Сомона: www.tajikembassytr.org

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул
Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul
Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54
Факс: +90 2124265056
E-mail: tajcons.ist@gmail.com
Сомона: www.tajconsist.org

Июль 16, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд