Бонки «Эсхата» барои самаранокии истифодаи барқу идоракунии замин қарзҳо пешниҳод мекунад
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барномаи нави маблағгузориро, ки барои паст кардани оқибатҳои тағйироти иқлим равона карда шудааст, роҳандозӣ намуд. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома Бонки «Эсхата» аз БАТР транши аввали маблағгузориро барои соҳаи хоҷагии қишлоқ, саноат ва соҳибмулкон дарёфт намуд.
Кибриё Аҳмадҷонова, масъули Бонки «Эсхата» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки ин маблағҳои қарзӣ барои сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтарсозии технологияҳои устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим муқаррар шуда, мақсади асосӣ тақвияти устуворӣ ба тағйироти иқлими соҳаи хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Тартиби маблағгузорӣ ба устуворӣ нисбат ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон таҳти унвони «климадапт» аз тарафи БАТР ва хазинаҳои сармоягузорӣ оид ба иқлим коркард шудааст. «Климадапт»-қарзҳо барои соҳибмулкон, соҳибон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас буда, барои харидориву насби таҷҳизот ва технологияҳои махсуси аз тарафи гурӯҳи «климадапт» тасдиқ гардида пешбинӣ шудааст. Барои Бонки «Эсхата» маблағҳои ҷалбшуда-ин захираҳои зарурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣиқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва соҳибмулкон, ҳамзамон ба даст овардани мақсадҳои умумӣ оид ба нигоҳ доштани иқлим, ҳифзи муҳити атроф ва рушди босубот маҳсуб меёбад», — тазаккур дод К. Аҳмадҷонова.
Бояд зикр кард, ки деҳқонон ва фермерон метавонанд барои насби низомҳои нави обёрикунии қатрагӣ (ирригатсионӣ) бунёди боғҳои нав ва гармхонаҳо, кофтани чоҳҳои амудӣ, азнавсозии қубурҳои обгузар, насосу мил ва низоми тақсимоти об маблағҳои қарзӣ гиранд. Корхонаҳои хурду миёна, соҳибмулкон ва шахсони воқеӣ бо гирифтани маблағи қарзӣ метавонанд мушкилоти дар давраи зимистон пешомадаро бартараф намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






