Бошандагони Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ кумак гирифтанд

Июль 5, 2016 09:58

Душанбе. 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  сарпарастии Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъро ба зимма дорад, дар арафаи Иди Рамазон ба хона-интернати  мазкур ба маблағи 27 ҳазор сомонӣ кумаки хайриявӣ расонид.
Кумаки хайриявӣ аз маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар,  шириниҳои идона ва ҳамчунин аз пойафзол,  куртаҳои мардонаву  занона иборат буданд.
Намояндагони Кумитаи  андози назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин  барои бошандагони хона  интернат  дастурхони   идона оростанд.
Хотиррасон менамоем, ки аз аввали соли равон ин дуюмин кумаки хайриявии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Восеъ мебошад.

Июль 5, 2016 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд