Чор ғалабаи КФ «Тараз» бо Давронҷон Эргашев
Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Тараз»-и Қазоқистон, ки дар он муҳофизатгари тими мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Эргашев ҳунарнамоӣ мекунад, дар бозии чоруми худ пай дар пай ба ғалаба комёб гардид. Давронҷон Эргашев баъди марҳалаи аввали Чемпионати Тоҷикистон аз ҳайати КФ «Истиқлол» ба «Тараз» гузаштааст.
«Тараз», ки дар зинаи 10-уми Чемпионати Қазоқистон қарор дорад, бо омадани муҳофизатгари тими мунтахаби Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот беҳтар менамояд. Ин даста дар 4 вохӯрӣ бар «Тобол» (2:0), «Шахтёр» (1:0), «Иртиш» (1:0) ва «Ордабаси» (3:0) ғолиб омад. Ба дастаи охирин собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев машқ медиҳад.
Дар бозии ҷамъбастии Чемпионати Қазоқистон «Тараз» бо пешсафи чемпионат-дастаи «Ғайрат» қувва месанҷад.








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






