Дар Ереван ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СААД доир мегардад
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4-июл дар шаҳри Еревани Арманистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /ШВКХ СААД/, ки зимни он масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ мегарданд, баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Арманистон хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов намояндагӣ мекунад.
«Ҷаласаро вазири корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян раисӣ мекунад. Дар фарҷоми ҷаласа Э. Налбандян ва Дабири кулли СААД Николай Бордюжа изҳороти матбуотӣ мекунанд»,- гуфта мешавад дар иттилоия ВКХ Арманистон.
Бино ба иттилои манбаъ, Н. Бордюжа ва дигар роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои СААД-ро президенти Арманистон, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон Серж Саргсян ба ҳузур мепазирад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, тамоюли рушди вазъият дар Сурия ва дигар минтақаҳои низои мусаллаҳона, ҳамкории кишварҳои аъзои СААД дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти кунунии ҷаҳон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ муҳокима гарданд.
СААД 15-майи соли 1992 аз ҷониби роҳбарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис дода шуд.








Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд






