Дар Ироқ панҷ нафар ҷангиёнро, ки дар таркиши Бағдод даст доштанд, эъдом карданд

Июль 5, 2016 10:42

Душанбе, 05.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мақомоти Ироқ дар бораи эъдоми панҷ нафар, ки дар таркиши  Бағдод даст доштанд, иттилоъ дод. Ҳукми қатл рӯзи дигари ҳамлаҳои террористии 3-юми июл, ки тибқи маълумоти охир ҳаёти 213 нафарро аз байн бурд, иҷро шуд.
Хотиррасон месозем, ки шаби 3 июл мошин бо маводи тарканда дар як кӯчаи серодами  Бағдод, ки моҳи Рамазон баъд аз ғуруби офтоб оилаҳо бо кўдакон ва ҷавонон он ҷо сайру гашт менамоянд, таркид. Баъди як соат таркиши дигаре дар шимоли пойтахти Ироқ рух дод. Масъулияти ҳамларо ҷангиёни гурӯҳи террористии ДИ ба уҳда гирифтанд.

Июль 5, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст