Дар коргоҳи «Апрелевка» 100 ҷои кории нав фароҳам омад

Июль 21, 2016 10:38

Гулистон, 21.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи кони амалкунандаи коргоҳи ҶМ ТКММ «Апрелевка» воқеъ дар шаҳраки Консои шаҳри Гулистон як иншооти нави истеҳсолӣ оид ба тӯдаи ишқорронии маъдан ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони маҳаллии  шаҳраки Консой бо ҷои кори доимӣ ва музди маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар ин бора масъули хадамоти иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рустами Одилзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода иштирок намуданд.

Июль 21, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд