Дар ноҳияи Деваштич 6 нафар дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли равон тахминан соати 15:10 ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Корола» Шералӣ Рабиев соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» , ки ба шаҳрванд Соҳибҷон Юнусов, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, бархӯрдааст ва сипас, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи шаҳрванд Сӯҳроб Сабуров соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Корола» Ш. Рабиев ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Спитамен бистарӣ гаштааст.
Мусофирони мошини мазкур Даврон Холов, соли тауваллудаш 1992, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва хурдсол Майрам Холова, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамон ҷо, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» Соҳибҷон Юнусов ва мусофирони мошини мазкур Исроилҷон Тоҷибоев, соли таваллудаш 1991, Ҷамшед Файзиев, соли таваллудаш 1990 ва Азимбой Ҷӯраев, соли таваллудаш 1990- сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






