Дар саҳна — «Ҳангома дар ҷангал»

Июль 1, 2016 15:05

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши операи «Ҳангома дар ҷангал» рӯи саҳна оварда шуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, опера маҳсули эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, бастакор Амирбек Мӯсоев буда, барои бачагон ва наврасон пешбинӣ шудааст. Либреттои «Ҳангома дар ҷангал» ба қалами шоири шинохта Сафар Аюбзодаи Маҳзун тааллуқ дорад. Коргардони намоиш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Нуров мебошад.
«Ҳангома дар ҷангал» барои тамомшобини наврас хеле шавқовар аст, зеро дар он ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ ба забон омада, аз рафтори бераҳмонаи инсоният нисбат ба онҳо шикоят мекунанд ва мехоҳанд, ки алайҳи ин мубориза баранд. Дар маҷмӯъ намоиш инсонро ба ҳифзи табиат, покиза нигоҳ доштани муҳити зист, даст кашидани аз шикори ҳайвоноти нодир ва сулҳу дӯстӣ даъват мекунад.
Намоиш инчунин бо мусиқиву рақсҳои ҷаззоб ва ороиши мувофиқи саҳна, ки аз ҷониби Рассоми шоистаи Тоҷикистон Салимшо Пирумшоев бо маҳорати баланд иҷро шудааст, диққати тамошобинро ба худ ҷалб мекунад.

Июль 1, 2016 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид