Даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид

Июль 28, 2016 09:44

Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», шабакаҳои телевизион ва намояндагони 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  машварати  корӣ доир шуд. Ба намояндагони шаҳру навоҳии Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯшон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Сино, ки ғолиби даври аввал гардидаанд, варақаҳои роҳхат барои иштирок дар даври дуввум супорида шуд.
Хотиррасон менамоем, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида   25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 23 августи соли 2016 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Июль 28, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд