Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Июль 1, 2016 15:52

Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Фаъолияти байналмилалии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти  давлати миллии тоҷикон  ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ»- чунин ном дорад китоби нави мушовири калони  бахши Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, ки  дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.
Китоб ба ифтихори ҷашни барои мардуми тоҷик таърихӣ 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир гардидааст. Дар рисолаи илмӣ  аз пешрафтҳои беназири миллати тоҷик  дар даврони навин дар мисоли бахши   муҳимтарини ҳаёти сиёсии  Ватани азизамон- сиёсати хориҷӣ, ки  маҳз бо шарофати  фаъолияти назариявию  амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ташаккулу тавсеа ёфтааст, сухан меравад.
Китоб аз муқаддима ва бахшҳои «Тоҷикистон дар низоми  ҷаҳони кунунӣ», «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Усулҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тоҷикистон дар арсаҳои  ҳамкории байналмилалӣ» иборат  мебошад.

Июль 1, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст