Г. Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти ҶТ: «Истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нушокиҳои спиртӣ кам шудааст»
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимсолаи якуми соли 2016 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 6363,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 12,1 % зиёд аст»,-зикр кард зимни нишати матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати истихроҷ 1138,8 млн. сомонӣ, саноати коркард 3825,3 млн. сомонӣ ва дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1399,1 млн. сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин Г. Ҳасанзода зикр кард, ки дар давраи соли ҷорӣ истихроҷи нафту ангишт, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, истеҳсоли ҳасиб, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, консерваҳо, қолин ва маснуоти қолинӣ, семент, оҳану бетони васлшаванда ва хишти бинокорӣ, трансфарматор ва маснуоти кабелӣ афзудааст.
«Дар айни замон истеҳсоли истихроҷи ангишти бӯр, гази муқарарӣ, арматураи сохтмонӣ маснуоти қаннодӣ, обҳои маъданӣ, нушокиҳои спиртӣ, нахи пахта, чигити пахта, истеҳсоли пӯст, пойафзол, маснуот ва металупластика кам шудааст»,-зикр кард Г. Ҳасанзода.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






