Иқдоми Пешвои миллат хусусияти инсондӯстона ва раъиятпарварӣ дорад
Душанбе, 05.07.2016/ АМИТ «Ховар»/. Фардо, 6 июл мусулмонони кишвар чун дигар мусулмонони дунё Иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 6 июл соати 6:30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози Иди саиди Фитр баргузор мегардад ва он аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи Шавол шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки кумак расонидан ба ятимону барҷомондагон, маъюбон, инчунин дар рӯзи иди саиди Фитр боздид аз оромгоҳо ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон сила намудани сари ятимон, дар маҷмӯъ хайру эҳсон аз бузургтарин фазилатҳои Иди саиди Фитр ва умуман моҳи шарифи Рамазон аст.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи Фитр 5 сомонӣ муайян шудааст. Инчунин мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи Амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 4 июл содир гардид, Пешвои миллат аз мардуми кишвар даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда диҳанд. Сарвари давлат ҳамзамон додани фитри рӯзаро аз ҷониби табақаҳои дар боло зикршуда ҷоиз надонист. Ҳамзамон Президенти мамлакат таъкид намудааст, ки додани фитри рӯза ба рӯҳониён ва умуман ходимони дин ва афроди сарватманд манъ аст.
Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хусусияти инсондӯстона ва раъиятпарварӣ дошта, амали хайру савобест барои табақаҳои ниёзманди ҷомеа.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






