Ифтитоҳи ҳуҷраи корӣ барои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон
Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 июл дар шаҳри Қурғонтеппа маросими кушодашавии ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Алӣ Бобоназарзода зикр кард, ки имрӯзҳо бо дастуру супориш ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ислоҳоти милитсия идома ёфта истодааст. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ бо мақсади тақвият бахшидани боварии мардум ба милитсия аз ҳадафҳои афзалиятноки ин барнома ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар қаламрави кишвар аллакай шӯроҳои ҷамъиятӣ созмон дода шуда, ҳуҷраҳои кории онҳо бунёд ва бо техникаи замонавӣ таҷҳизонида шудаанд.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Баҳром Шарифзода иброз дошт, ки дар замони муосир мебояд милитсияи тоҷик бо аҳолӣ ҳамкориҳояшро густариш дода, сазовори боварии мардум гардад. Таъсис додани чунин шӯроҳои ҷамъиятӣ аз манфиат холӣ набуда, барои тинҷиву оромӣ ва амнияти шаҳрвандон равона шудаанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин сардори намояндагии Дафтари САҲА дар вилояти Хатлон Ене Иван Андреевич ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вячеслав Абрамед сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






