«Интихоб» — намоишномаи нави Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ
Хоруғ, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар таътили тобистона барои тамошобинони хурдсоли худ намоишномаи нав мавсум ба «Интихоб»-ро дар таҳияи коргардон Парпишо Қиматшоев пешкаш кард.
Ин намоишнома дар бораи ҳаёти ду оила ҳикоят мекунад, ки дар яке аз ин оилаҳо зиндагии орому осуда, ҳурмату эҳтироми тарафайн ҳукмрон ҳасту хонаводаи дигар бо мушкилоти гуногун ба шумули эътибор надодан ба сухану амали ҳамдигар, беэҳтиромии фарзандон нисбат ба волидон ва аҳамият надодани волидон ба интихоби дурусти касбу кор мувоҷеъ мебошад.
Ба гуфтаи ҳунарманди ин театр Ҷобиршо Хубоншоев дар замони муосир бо истифода аз шабакаи интернетӣ кишварҳои мухталиф кӯшиш мекунанд, ки фарҳангу суннати худро бар сари сокинони кишварҳои дуру наздик бахусус наврасону ҷавонон таҳмил созанд. Дар баробари ин, мо бояд ба таҳоҷуми фарҳангию итилоотии кишварҳои беруна ҳамеша омода бошем ва барои ҷо кардани арзишҳои миллӣ дар зеҳни кӯдакону наврасон аз шеваҳои мухталиф ва ҷолиб истифода барем.
Дар поёни намоишнома байни ҳунармандон ва тамошобинони хурдсол перомуни муносибати байни аъзои оила, муносибат бо ҳамсояҳо ва хешу табор мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷобиршо Хубоншоев гуфт, ки дар рӯзҳои наздик бо ин намоишнома ба меҳмонии кӯдакону наврасони навоҳии вилоят хоҳанд рафт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






