КҲФ: Сардорони раёсату ситодҳо ва фармондеҳи қисми ҳарбӣ аз вазифа озод шуданд
Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 июли соли 2016 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид, ки дар он роҳбарони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Кумита иштирок доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» афсари калони хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Юсупова иттилоъ дод, дар ҷаласаи мушовара натиҷаҳои фаъолияти хизматии Кумита ва аттестатсияи давлатии кормандони Кумита мавриди муҳокима ва барарсӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи роҳбарони раёсату шуъбаҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои банақша гирифташудаи Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 ва нақшаи минбаъдаи фаъолияти Кумита дар нимсолаи дуюм муҳокима шуданд. Р.Назарзода, раиси КҲФ аз камбудиҳои мавҷуда дар ташкили санҷишҳои нозиротӣ, фаъолият дар самти мудофиаи шаҳрвандӣ ва дар қисмҳои ҳарбии Кумита ошкоро танқид намуда, ба мутасаддиён дар муддати кӯтоҳ барои аз нав таъсис додани системаи хабардоркунии барвақтӣ ва консепсияи бозомӯзии кормандони Кумита супориш дод. Таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа ба решакан кардани ҳуқуқвайронкуниҳо байни кормандон, таҳкими интизом ва боло бурдани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита барои иҷрои ӯҳдадориҳо, омодагӣ ба давраи зимистон равона карда шуд.
Бо қарори мушовара сардорони раёсати оперативӣ, кадрҳо, молия, сардори ситодҳои ВМКБ ва минтақаи Рашт, сардорони ситодҳои як қатор ноҳияҳо ва яке аз фармондеҳони қисми ҳарбӣ аз вазифаҳои ишғолнамуда озод шуданд. Як қатор кормандони мутасаддӣ барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти хизматӣ-оперативӣ, назорати суст аз болои фаъолияти зертобеашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Инчунин, қарор қабул шуд, ки дар байни ҳайати роҳбарикунандаи Кумита ротатсия гузаронида шавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






