Кумитаи оид ба корҳои дин : «Дар давоми 6 сол фаъолияти ягон масҷиди расмӣ қатъ карда нашудааст»
Душанбе, 12.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2010 то имрӯз аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ фаъолияти ягон масҷиди расмӣ қатъ карда нашудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки он иттиҳодияҳои диние, ки қатъ гардиданд, пештар ҷойҳои ҷамъиятӣ буданд ва онҳоро ғайриқонунӣ ба масҷидҳо табдил доданд ва бинобар надоштани иҷозатнома фаъолияти онҳо манъ карда шуд.
С. Давлатзода зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон тибқи мактуби раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 29 иттиҳодияи динӣ бо роҳи худбарҳамдиҳӣ аз феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии кумита бароварда шуд.
Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3551 масҷиди панҷвақта, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ ва дар маҷмӯъ 4006 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






