КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои мизоҷони худ имтиёзҳо пешниҳод мекунад
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имтиёзҳо пешниҳод карда шуд»,-иброз намуд Усмон Қаландарзода, муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имрӯз дар нишасти матбуотӣ.
Усмон Қаландарзода инчунин илова намуд, ки ба тоҷирону соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 20 то 50 % тахфиф дода шуд ва дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми содироти молҳои хоҷагии халқ 304,8 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Боиси тазаккур аст, ки дар асоси созишномаи байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия басташуда ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, аз 31 то 45 % тахфиф дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






