Лагери тавонбахшии тобистона барои ҷабрдидагони минаҳо дар осоишгоҳи «Баҳористон» ба фаъолият оғоз намуд

Июль 27, 2016 10:27

Гулистон, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.   25  июли соли ҷорӣ  дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон лагери тавонбахшии тобистона барои ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ин иқдоми бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва лоиҳаи БР СММ оид ба дастгирии «Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон» зери сарпарастии Департаменти давлатии ИМА рӯи кор омадааст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мушовири лоиҳаи БР СММ оид ба дастгирии «Барномаи амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон» Райҳона Муминова иттилоъ дод, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳо мебошад ва ҳамасола баҳри дастгирии шахсони дар натиҷаи таркиши мина зарадида ва ба муолиҷаи ройгон фарогирифтани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Мина-3Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо, ки мақоми иҷроияи Комиссияи оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, масъулияти идораи тамоми масъалаҳои вобаста ба минаҳоро дар Тоҷикистон ба уҳда дошта, фаъолияти он дар самти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, нобудсозии захираҳои минаҳои зидди пиёдагард, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба ҷабрдидагони минаҳо ва гузаронидани таблиғот бо аҳолӣ равона карда шудааст.
Аввалин лагерҳои тавонбахшии тобистона барои ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ  аз ҷониби марказ аз соли 2005 сарчашма гирифта, то соли 2012 дар умум 330 нафар ба истироҳату ташхиси ройгон ва табобати мувоффиқ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, баҳри таҳкими дӯстиву ҳамкории самаранок байни марказҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон соли 2012 низ чунин як лагери тавонбахшии муштараки тобистона бо иштироки ҷабрдидагони минаҳо аз ду кишвар ташкил шуда буд.
Аз соли 2005 инҷониб, тавассути лагерҳои тавонбахшии тобистона ва фаъолиятҳои Дастгирии ҳамтоён беш аз 400 нафар ҷабрдидагони минаҳо, аз кумакҳои равонию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бархӯрдор гардидаанд.
МинаВобаста ба ташкили лагери имсола Райҳона Муминова, аз ҷумла зикр кард: «Аз ҷониби марказ давоми ду соли ахир чунин лагер ташкил нашуда буд. Соли равон ин аввалин бор аст, ки бо теъдоди зиёди иштирокдорон ташкил гардид. Солҳои пешин 20 -30 нафар ба табобату истироҳат ҷалб карда мешуданд. Дар айни ҳол дар осоишгоҳи «Баҳористон»  75 нафар ҷабрдидагони синнусоли аз 22 то 60 сола, аз он 65 нафар ҷабрдидагони минаҳо ва 10 нафар маъюбони ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Имконият»  аз тамоми манотиқи кишварамон, ки аз шумораи умумӣ 20 нафарашон занонанд, таҳти роҳбарии  мутахассиси оид ба кумак ба ҷабрдидагони  Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Алишо Шомаҳмадов  ва роҳбари Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон  Асадулло Зикрхудоев ва 5 нафар мутахасисон-тренерони пуртаҷриба ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Лагери тавонбахшии тобистона барои ҷабрдидагони минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ имсол давоми 12 рӯз фаъолият бурда, 5 август ба итмом мерасад.
«Соли равон дар лагери тобистона, ғайр аз табобату муолиҷаҳо инчунин баҳри фароғати хуби иштирокдорон ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои инфиродиву гурӯҳӣ , равонию иҷтимоӣ, ҳуқуқиву омӯзишӣ, варзишиву саёҳатӣ  ва  фарҳангию  адабӣ  дар назар аст», — афзуд   Р. Муминова.
1 х бо акс

Июль 27, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад