Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ: «Манзили зистатонро тоза нигоҳ доред, то ки гирифтори бемориҳои сироятӣ нашавед!»
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Оид ба пешгирии бемориҳои сирояткунандаи хавфнок, бемории ҳорӣ ва табби хунин дар Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар вохӯрӣ ва суҳбати ошкоро доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти бойтории вилоят, ходимони дин, зиёиён, раисони маҳаллаҳо, занони фаъол, кормандони марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, идораи муҳити зисти ноҳия ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд.
Файзалӣ Бобоҷонов, муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон зикр кард, ки имрӯз яке аз мушкилоти соҳаи тандурустӣ ин ҳамасола дар мавсими гармо хуруҷ кардани бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба одам гузаранда (зоонозӣ) ва бемориҳои сироятии тавассути ҳашароти хунмак паҳншаванда мебошад. Ин бемориҳо дар табиат дар гардиш буда, аз моҳи май то моҳи ноябр фаъол мегарданд, аз ҷумла бемории ҳорӣ дар табиат дар байни ҳайвонҳои ваҳшӣ, бемории брутселлёз дар байни ҳайвонҳои ваҳшӣ, бемории сӯхтанӣ дар хок ва бемории табби хунин дар каналҳо мавҷуд мебошанд.
Азбаски аҳолии ноҳия асосан ба соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд, бақайдгирии ин бемориҳо дар мавсими гармо авҷ мегиранд. Вазъи эпидемиологии бемориҳои номбурда асосан аз нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ номусоид гашта, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтар 115 нафар осебдидагон аз ҳайвонҳо, 2 ҳодисаи бемории ҳорӣ, 1 ҳодисаи бемории брутселлёз, 5 ҳодисаи бемории табби хунин ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз омилҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии ин бемориҳо ба танзим даровардани ҷамъоварии партовҳои маишию истеҳсолӣ, ба расмият даровардани партовгоҳҳои марказию маҳаллӣ ва саривақт кашонидану безарар гардонидани партовгоҳҳо мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






