Мутахассисони мақомоти гумрук малакаи худро ҷиҳати рамзгузорӣ ва таснифоти мол такмил медиҳанд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки кишвар ва раёсатҳои минтақавии он зимни баргузории давраи омӯзишӣ оид ба «Тартиби ҳамоҳангсозии рамзгузорӣ ва таснифоти мол 2017» сатҳи донишу малакаи худро вобаста ба таърихи рамз ва мушкилоти таснифи мол, сохтори тартиби ҳамоҳангшуда ва тартиби қабули қарорҳои пешакӣ мукаммал гардониданд.
Давраи омӯзишӣ бо дастгирии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ /IFC Word Bank Groop/ дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрукӣ гузаронида шуда, нақши он дар баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти гумрук ва таҳияи лоиҳаи «Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» муҳим арзёбӣ мегардад. Дар давраи омӯзишӣ коршиносони Созмони ҷаҳонии гумрук, ки дар ин бахш таҷрибаи пешрафта доранд, аз Брюсел даъват гардида буданд.
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти гумруки кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ барои дар амал татбиқ намудани дастури Ҳукумати мамлакат таҳияи «Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ»-ро ба роҳ монд. Минбаъд, дар асоси лоиҳаи мазкур бо назардошти ӯҳдадориҳои дар назди Созмони ҷаҳонии гумрукдошта, бояд тарифи нави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






