Нокомӣ дар бозии аввали «Роҳи абрешим-Хуашан-2016»
Душанбе, 12.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар вохӯрии аввали мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дирӯз бо тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ қувва озмуда, бо натиҷаи 3:1 мағлуб шуд.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки соли равон дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё( (U-16) ширкат хоҳад намуд, дар рақобати баробар дар дақиқаҳои поёнӣ тавонист ғалабаи худро ба даст биорад.
Голи дастаи мунтахаби мамлакатро Тоҳир Малодӯстов ба самар расонид. Натиҷаи вохӯрӣ то дақиқаи 76 1:1 буд .Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:
Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муминов, Амир Иброҳимов, Шервони Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.
Дар дидори дуввуми рӯз тими мунтахаби Чин бар Туркманистон бо нишондоди 4:1 дастболо гардид.
Футболбозони мо дар силсилаи бозиҳои оянда бо тимҳои мунтахаби наврасони Туркманистон (13 июл) ва Чин (15 июл) вориди майдон мешаванд. Вохӯриҳо ба таври даврӣ сурат мегиранд ва то 15 июл дар шаҳри Вайнан идома меёбанд.








Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд






