«Нозирони сабз»-и мактаби президентӣ дар озмун ғолиб омаданд
Хоруғ, 20.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Бо мақсади ташвиқу тарғиби тозагии муҳити зист дар миёни хонандагони макотиби шаҳр ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев озмун эълон шуда буд, ки натиҷаи он баъди се моҳ бо ширкати коршиносони риштаи экология ва кормандон соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.
Муовини сардори Раёсати муҳити зисти вилоят Фарҳод Мамадназарбеков гуфт, ки баъди эълони озмуни мазкур муҳити зисти шаҳр, хусусан соҳили рӯдхонаи Панҷ хеле тоза гардид. Мо дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дорем ва дар поёни оби ин рӯдхона садҳо нафар аз кӯдакону наврасон ва калонсолон дар фасли тобистон оббозӣ ва ё истироҳат мекунанд. Аз ин рӯ пок нигоҳ доштани оби рӯдхонаҳо вазифаи хурду калони вилояти мо ба шумор меравад. Зимни тақдими мақоми аввал ба гурӯҳи хонандагони мактаби президентӣ мавсуф гуфт, ки яке аз афзалиятҳои ин гурӯҳ аз гурӯҳҳои дигар нашри варақаҳои пурмазуни иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист мебошад. Ҳамин таҷрибаро минбаъд бештар дар байни дигар макотиб низ паҳн кардан аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Ҳамин тариқ, мақоми аввалро хонандагони мактаби президентӣ, ҷойҳои дуввуму саввумро Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва хонандагони мактаби ба номи Давлаталӣ Шабдолов ишғол намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






