Одинашо Мардов, муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ: «Мардуми Язгулом таҳти таассуроти фараҳбахш аз мулоқот бо Пешвои миллат кору зиндагӣ мекунанд»

Июль 20, 2016 13:48

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Язгулом чун тамоми ҳамватанон шукрона аз ваҳдату истиқлол доранд ва таҳти таассуроти ниҳоят фараҳбахш аз дидору мулоқот бо Пешвои миллат кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ду даҳсолаи охир ин дуюмин сафари Роҳбарияти давлат ба водии Язгулом аст ва ин дар ҳолест, ки 70 соли замони Шӯравӣ ҳатто ягон вазире ба ин водӣ қадам нагузошта буд. Чунин суханони Сарвари давлат: «Водии зебоманзари Язгулом на танҳо бо табиати дилписанд ва кӯҳҳои осмонбӯс, балки бо мардуми боғуруре, ки садсолаҳо суннату анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои  гаронбаҳои мардуми кӯҳанбунёди  моро ҳифз кардаанд, шуҳрат дорад. Ман ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони ин гӯшаи зебои кӯҳистон боварӣ дорам», мардумро хеле рӯҳбаланд намуд.

Дар нахуст сафараш Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 17 сол қабл ба водии Язгулом пайки сулҳу ваҳдат, ободию созандагӣ, нури маърифату саодат овард. Бо пахш гардидани тугмачаи рамзии нерӯгоҳи барқии обии Андарбак чархҳои он гардону хонаи мардум чароғон гардид. Бо дастури Роҳбари давлат корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи 9 деҳаи ҷамоати деҳот, ки бештар аз 6200 нафар аҳолӣ доранд, равнақи тоза гирифтанд. Дар деҳаҳои  Мотравн ва Жамаг биноҳои нави мактаб бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба деҳаи Зайч дар масофаи 8 километр роњи  мошингард сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи мошингард байни деҳаҳои Анбарбак-Жамаг, ки дар ҳолати харобӣ қарор дошт, бо маблағгузории  бештар аз 300 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳоло сохтмони неругоҳи барқии Мотравн бо иқтидори аз 300 киловат соат идома дорад.

Пешвои миллат ҳангоми боздид аз ҷои сохтмон бо бинокорон суҳбат ороста, супориш дод, ки то ҷашни соҳибистиқлолии кишвар сохтмони онро бо сифати баланд анҷом диҳанд. Ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  супориш дода шуд, ки барои ба 500 киловат-соат расондани иқтидори НБО-и Андарбак тадбирҳои зарурӣ андешанд. Айни замон кашидани хатти баландшиддати барқи Вознавд-Деҳ-Шипад-Дашти Язгулом ва пайваст гардидани он бо шабакаҳои барқдиҳии  Мотравн-Андарбак  имконият фароҳам меорад, ки аҳолии ин минтақа тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин гардад ва ин дар навбати худ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ин минтақа мусоидат менамояд.

Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ҳавзаи интихоботии Язгулом аз дастовардҳое, ки дар деҳоти ҷамоат дар замони истиқлолият рӯи кор омаданд, боз далелу мисолҳои зиёде дар даст дорам ва чунин пешравиҳо дар тамоми қаламрави ноҳияи Ванҷ зиёданд.

Аз рӯи ҳисоботи нопурра дар чоряк асри соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бештар аз 200 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ин давра дар ноҳия ба маблағи қариб 150 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда,  барои  рушди  соҳаҳои  мухталиф аз буҷети давлатӣ 220 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар 17 соли охир фақат бо иштироки Пешвои миллат дар ҳудуди ноҳия бештар аз 20 иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла бозори байни сарҳадӣ дар мавзеи Хумроғӣ, купруки калони мошинагард дар шоҳроҳи байнлмилалии Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ-Кулма аз болои дарёи Ванҷоб бо маблағгузории беш аз 17 миллион сомонӣ, манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳраки Ваҳдат, варзишгоҳ ва толори варзишӣ дар маркази ноҳия, НБО-и Ванҷ-2, мактаб дар деҳаи Ҷовидон, корхонаи хурди коркарди ангат, фермаи истеҳсоли шир ва гӯшт, корхонаи коркарди меваю сабзавот дар маркази ноҳия номгӯи нопурраи онҳо ба шумор мераванд. Он чиз ҳам лоиқи ёдоварӣ аст, ки иншоотҳо дар муҳлати ниҳоят кӯтоҳ, бо сифтаи баланд сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маҷмӯъ барои рушди соҳаҳои муталифи ноҳия дар давраи истиқлолият аз ҳисоби маблағхои давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорон 440 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Барои тараққиёти ноҳия фақат дар соли равон аз ҳисоби  буҷаи давлатӣ мардуми Язгулом чун тамоми ҳамватанон шукрона аз ваҳдату истиқлол доранд ва таҳти таассуроти ниҳоят фараҳбахш аз дидору мулоқот бо Пешвои миллат кору зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияро барои солҳои 2015-2019 тасдиқ кард, ки дар доираи он дар панҷ соли оянда татбиқи 241 лоиҳа бо маблағгузории 400 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Ноҳия дорои имкониятҳои фаровон барои зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба шумули меваю сабзавот, чормағз, картошка, себ, ангат ва амсоли инҳо мебошад. Имрӯз дастранҷи боғдорону деҳқонони ноҳия рафҳои мағозаву бозорҳои на танҳо вилоят, балки дигар минтақањои кишварро зеб медиҳад ва боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик он ба бозори ҷаҳонӣ ҳам роҳ ёфта, ноҳия ба тадриҷ ба минтақаи содиротии Бадахшон табдил меёбад.

Одинашо Мардов, муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ

 

Июль 20, 2016 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад
22-23 август дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Дар Ҷумҳурии Демократии Конго беш аз 200 нафар бар асари ғарқ шудани киштӣ бедарак шудаанд
Дар 30 дарёи Чин дар тамоми давраи мушоҳидаҳо обхезиҳои шадидтарин ба амал омаданд