Ғолибони даври аввали Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ба даври дуввум роҳхат мегиранд
Душанбе, 25.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 июл соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукоти Фестивал-озмуни «Андалеб-2016», намояндагони шабакаҳои телевизион ва 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир мегардад.
Дар ҷаласа ба шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯшон, Роғун, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Тоҷикобод ва Синои шаҳри Душанбе, ки ғолиби даври авали Яестивал-озмуни «Андалеб-2016» гардидаанд, варақаҳои роҳхат барои иштирок дар даври дуввум супорида мешаванд.
Дар рафти ҷаласа масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани барномаҳои Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 23 августи соли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






