«Парвоз»: Иштирокчиёни олимпиадаҳо ройгон ба истироҳат ҷалб шуданд
Душанбе. 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи «Парвоз»-и шаҳри Хуҷанд дар басти дувум 185 нафар толибилмони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳрро ба истироҳат фаро гирифт.
Дар ифтитоҳи басти дувуми истироҳатгоҳи «Парвоз» мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд И. Султонов ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр Ғ. Дадобоев иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳр ба истироҳаткунандагон таътили хушу хотирмон таманно карда, таъкид намуд, ки дар басти дувум хонандагони болаёқат, боистеъдод ва иштирокчиёни олимпиадаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба таври ройгон ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар басти аввали истироҳатгоҳи «Парвоз» 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат истироҳат намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






