Раҳим Санъат Асо : «Дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони лифт ба назар мерасад ва сари ин масъала бояд ҷиддӣ фикр кард»
Душанбе, 15.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол, дар биноҳои маъмурии истиқоматии шаҳри Душанбе 1137 лифт насб карда шудааст, ки ҳамаи онҳоро Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ назорат мекунад.
Раҳим Санъат Асо, сардори хадамоти мазкур дар нишасти хабарие, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, оид ба норасоии кадр ва мутахассисон дар самти лифттаъмиркунӣ изҳори нигаронӣ намуд.
«Беш аз ҳазор адад лифте, ки ба қайд гирифта шудаанд, қисмати зиёдашон таъмирталаб ва корношоям шуда, муоина ё таҳқиқоти махсусро талаб дорад», — афзуд ӯ
Сардори хадамот зикр кард, ки ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 3 мутахассиси лифт фаъолият мекунанд, ки ҳамаи лифтҳоро зери назорат гирифта наметавонанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз норасоии устоҳои таъмиркунанадаи лифт ба назар мерасад, зеро шунидаем, ки боре барои таъмири лифтҳои замонавӣ мутахассисонро аз хориҷ даъват намуда буданд.
Дар нишасти хабарӣ пешниҳод гардид, ки сари масъала бояд ҷиддӣ фикр кард ва барои тайёр намудани мутахассисони варзида чораҳои зарурӣ андешид.
Айни ҳол, мутахассисони лифт дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ тайёр карда мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






