Рустам Шоҳмурод: «Адвокатура бояд ниҳоди мустақил бошад»

Июль 27, 2016 15:55

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ним соли аввали соли равон барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ 639 довталаб бо ариза ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки ба 123 нафари онҳо додани мақоми адвокатӣ бинобар насупоридани имтиҳони тестӣ рад шуд ва бинобар мувоффиқ набудан ба талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 11 довталаби дигар ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода нашуданд.

«Он нафароне, ки имтиҳонҳоро супорида натавонистанд, имконият доранд, ки бо гузаштани шаш моҳ ва гирифтани омодагии пурра дубора ба Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия барои ноил шудан ба мақоми адвокатӣ муроҷиат кунанд», — зикр кард дар нишасти матбуотии Вазорати адлия Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи мамлакат ва илова кард: «Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти адвокатӣ низ мувофиқ ба талаботи Қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла ташкилоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд».

Рустам Шоҳмурод ҳамчунин бо муроҷиат ба журналистон таъкид кард: «Адвокатура ниҳоди мустақил аст. Вазорати адлия ягон ҳуқуқи маъмурӣ ва назоратӣ аз болои адвокатҳоро надорад. Дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» амали саривақтӣ ва зарурӣ мебошад».

Ҳукумати кишвар барои таъсис додани низоми ягонаи адвокатура тибқи қонуни мазкур чорабиниҳои заруриро анҷом дода истодааст.

Ба андешаи Р.Шоҳмурод, Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти он ҳамчун маркази низоми ягонаи адвокатура бояд амал кунад, зеро Вазорати адлия ва Комиссияи назди вазорат ҳуқуқи масъалагузорӣ кардан дар бораи додани мақоми адвокатиро надорад. Чунин ҳуқуқҳо ва санадҳои дахлдор тавассути Иттифоқҳои адвокатҳои минтақавӣ (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ) роҳандозӣ шуда, сипас, худи Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон масъалаи пешбарӣ кардани довталабонро ба Комиссияи тахассусӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дар ҳайати Комиссияи тахассусӣ, ки ҳоло амал мекунад 5 нафар адвокатҳо, 2 намояндаи Вазорати адлия, 1 намоянда аз ДМТ ва як  намояндаи судҳои ҷумҳурӣ, ҷамъ 9 нафар аъзо ҳастанд, ки масъалаи додани мақоми адвокатиро худашон баррасӣ карда, нисбат ба ин ё он довталаб хулосаи ниҳоӣ мебароранд.

Дар ин ҷараён Вазорати адлия танҳо барои таъмини фаъолияти Комиссияи тахассусӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории имтиҳонҳои тахассусӣ муваззаф аст. Баҳисобгирӣ ва пешбурди кори адвокатҳо, додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда низ аз тарафи Вазорати адлия анҷом дода мешавад.

Бояд зикр кард, ки пеш аз қабул шудани Қонуни нав «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» фаъолияти адвокатҳо дар ҷумҳурӣ низоми муайян надошт. Танҳо дар шаҳри Душанбе якчанд коллегияҳои адвокатҳо амал мекарданд, ки ба ҳамдигар робита ва муносибат надоштанд. Илова ба ин, Вазорати адлия ба адвокатҳои ваколатдор, яъне соҳибкороне, ки аъзои ягон коллегия набуданд иҷозатнома барои фаъолияти адвокатӣ медод. Дар натиҷаи чунин дарҳаму барҳамӣ якчанд ташкилоти ҷамъиятӣ пайдо шуданд, ки баъзе аз онҳо худро адвокатҳои мустақил эълон карданд, баъзе адвокатҳои дигар бошанд, худашон танҳо кор мекарданд. Ҳамин буд, ки давоми якчанд соли охир аз болои фаъолияти адвокатҳо, хусусан адвокатҳои масъулиятношинос арзу шикоятҳои зиёд ба Вазорати адлия ворид гардиданд.

«Низоми ҳоло амалкунанда, низоми санҷидашуда буда, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ амал мекунад. Мо ба ин боварем, ки адвокатура бояд ҳамчун ниҳоди мустақил фаъолият кунад, лекин дар доираи қонунҳои амалкунанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои шаҳрвандон», — чунин хулосабарорӣ кард андешаҳои худро Р.Шоҳмурод.

 

Июль 27, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд