С. Тағойзода: ба 2034 нафар шаҳрвандон аз ҷониби вазорат ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ маблағ дода шуд
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2034 нафар шаҳрвандон ба андозаи 6 миллиону 38 ҳазору 90 сомонӣ, ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 74,2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд»,- зикр намуд дар нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва зиёда аз 70 маркази таълими калонсолон ва дигар марказҳои таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ фаъолият менамоянд.
Бояд гуфт, ки муассисаҳои мазкур мутахассисонро аз рӯи 14 самт, иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтумон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва хизмати маишӣ-хӯрокӣ тайёр менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






