Сафири навтаъйини Тоҷикистон ба сардори раёсати ташрифоти ВКХ Чехия нусхаи эътимоднома супорид

Июль 25, 2016 11:55

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 21 июли соли равон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия  Маликшо Неъматов ба сардори раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чехия Маркета Шарбахова нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
«Пас аз маросими нусхаи эътимодномасупорӣ мулоқоти дуҷониба баргузор шуд, ки зимни он оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт», — омадааст дар изҳороти ВКХ.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки М. Шарбахова ба Сафири навтаъйини Тоҷикистон дар иҷрои вазифаи баланди дипломатӣ ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишвар комёбӣ орзу намудааст.

Июль 25, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ